Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Ғурбатиро 7.5 сол зиндонӣ карданд. Модараш ноодилона хонд. ВИДЕО


Abdulloh Ghurbati

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзноманигори 26-сола Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов)-ро ба ҳафтуним сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Додситон ҳашт соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд. Худаш дар сухани охирин дар мурофиа гуфтааст, гуноҳе надорад ва аз додрас хоста, ки аз толор озод кунад.

Маркази мустақили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе эълон шуд.

Ӯро ба зӯроварӣ нисбати маъмурони милиса, таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмони ифротӣ гунаҳкор донистаанд. Худаш ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст.

Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов гуфт, "Авазмад Ғурбатов дар мурофиаи охирин низ худро бегуноҳ дониста, иштирокашро дар созмонҳои ифротгаро рад кард. Аз додрас хост, ӯро бегуноҳ эълон кунад." Вакил афзуд, бозбинии ҳукмро хоҳанд хост.

Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, мегӯяд, аз қарори додгоҳ хабар надорад, вале "агар чунин ҳукме содир шудааст, ноодилона аст. Гузашта аз ин, моро даъват мекарданд."

Абдуллоҳ Ғурбатиро 7.5 сол зиндонӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт шуд. Се маъмури Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт алайҳи ӯ шоҳидӣ доданд.

Маъмурони милиса даъво кардаанд, ки Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дар бинои ШКД-и Шоҳмансур ба онҳо ҳамла кардааст. Ғурбатӣ даъвои кормандони милисаро беасос гуфтааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ва баъзе аз рӯзноманигорону фаъолони шабкаҳои иҷтимоӣ боздошти ӯ ва шаш хабарнигору блогери дигари тоҷикро дар панҷ моҳи охир беасос номида, озодии онҳоро талаб карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG